алоқа — [علاقه] а 1. муносибат, иртибот, рабт; рафтуомад; додугирифт: алоқаи бавосита, алоқаи бевосита, алоқаи ғайрирасмӣ, алоқаи зич, алоқаи махфӣ, алоқаи мустаҳкам, алоқаи расмӣ, алоқаи хешӣ; алоқа бастан муносибат барпо кардан; алоқа доштан муносибат… … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
аз — [از] пешоянд 1. сарчашмаи амалу ҳаракатро ифода мекунад; ранҷидан аз касе, тарсидан аз чизе… 2. ашёеро мефаҳмонад, ки дар иҷрои амал истифода мешавад ва саршавии амал ва объекти ҳаракат ба вай вобаста аст; дар ин маврид бештар бо феълҳои доштан,… … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
гап — [گپ] 1. сухан, калом, гуфтор; гуфтугӯ 2. сухани беасос, лоф 3. маҷ., лаҳҷ. гаштак; гап гап а) гуфтугӯ, чақ чақ, сӯҳбат; б) гапҳои беҳуда, овозаҳои ҳархела, миш миш дар ҳаққи касе (чизе); гапи беҳуда сухани пуч, гапи бемаънӣ; гапи беҷо ҳарфи… … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
муомила — [معامله] а 1. кит. муносибати дутарафа, муносибати кории байни ҳам 2. рафтор нисбат ба каси дигар, рафтори касе дар вақти вохӯрӣ (сӯҳбат ва ғ.) бо касони дигар 3. харидуфурӯш, додугирифт, робитаи молӣ ва пулӣ; савдо; муомиларо кандан қатъи… … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
муошират — [معاشرت] а. зистан бо ҳам; муносибат бо ҳам: одоби муошират рафтори бат бо ҳам: одоби муошират рафтори кас дар ҷамъият ва муносибат бо дигарон … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
нигоҳ — (нигаҳ) [نگاه // نگه] чашмандозӣ барои дидан, нигариш; дид, назар; нигоҳи беҷо назари бад; нигоҳи гарм нигариши меҳромез; нигоҳи дуздида назари пинҳонӣ; нигоҳи маънидор нигоҳе, ки бо он матлабе ифода меёбад; нигоҳи пурсиш нигоҳи суол омез; нигоҳи … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
носозӣ — [ناسازي] 1. номувофиқӣ; нобобӣ, бадӣ 2. бадии муносибат, вайронии муносибат; мухолифат … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
пайванд — I [پيوند] асоси замони ҳозира аз пайвастан II [پيوند] 1. ҳамбаст, пайваст, иттисол, васл, пайвастагӣ 2. алоқа, муносибат; пайванд буридан а) тарки муносибат (алоқа) кардан; б) аз хешу табор даст кашидан 3. хешу табор, наздик; хешу пайвандон 4.… … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
чап — [چپ] 1. муқоб. рост, он тарафи бадан, ки дар он дил воқеъ аст; ясор (муқоб. ямин), майсара (муқоб. маймана); хоби зан чап аст а) киноя аз ғайривоқеӣ ва амалинашаванда будани хоҳишу майли ҷониби дигар (ба мусоҳиб дар гуфтугӯ мегӯянд); б) баръакс… … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
аҳвол — [احوال] а. ҷ. ҳол; ҳолат; вазъ, вазъият; чигунагии ҳол, чигунагии мизоҷ (беморӣ, тандурустӣ); аҳволи бад вазъияти ногувор; аҳволи байналхалқӣ вазъияти муносибатҳои байниҳамдигарии халқҳо; аҳволи дарунӣ вазъияти дохилӣ; аҳволи рӯҳия кайфияти рӯҳӣ … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ